Дар оташдони махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷамъи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷии вилоят 146 килову 104 грам маводи мухаддир чун далели шайъии 9 парвандаи ҷиноӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, аз миқдори умумии мухаддироти сӯзондашуда 79 килову 567 грами он героин буда, ҳашиш 66 килову 357 грам ва афюн 180 грамро ташкил дод.
Ҳиссаи бештари мухаддироте, ки сӯзонда мешавад, героин (зиёда аз 79 кило) аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира кардаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз рӯзи ташкилшавии Агентии назорати маводи нашъаовар то ҳоло зиёда аз 14 тонна воситаҳои нашъадор сӯзонида нобуд карда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста