Адвокатҳои собиқ корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки ба истифодаи шиканҷа нисбати сокини ноболиғи ҳамин ноҳия айбдор карда мешавад, бар ин назаранд, ки зерҳимояи онҳо муддати 7 моҳ ғайриқонунӣ дар маҳбас қарор дорад.
Адвокат Акбар Ҳасанов дар ин робита мегӯяд, санаи 14-уми марти соли ҷорӣ баъди аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Хатлон бекор шудани ҳукм нисбати Машраф Алиев аз рӯи моддахои 143 ва 316-и КҶ ҶТ ва ба тафтиши дубора фиристодани он, муфаттиш мебоист муҳлати дар ҳабс қарор доштани Алиевро тамдид мекард.
«Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ёвон 10-уми апрели соли 2013 парвандаи ҷиноии мазкурро ба истеҳсолот қабул намуда, муҳлати тафтиши пешакиро то 10-уми июн дароз кард, вале муҳлати будубоши Алиев таҳти ҳабсро дароз накард. Ҳамин тариқ, М.Алиев муддати 7 моҳ аст, ки ғайриқонунӣ дар ҳабс қарор дорад», - гуфт адвокат.
Гайра ин, дар мурофиа судшаванда изҳор кард, ки тафтиши парванда нисбати ӯ якҷониба сурат гирифтааст. «Парвандаи ҷиноӣ нисбати ман барои нишон додани натиҷаҳои қонуни қбулшуда дар бораи шиканҷа боз шуд. Барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ман ҳеҷ асосе надоштам ва ҳамаи далелҳои овардаи тафтишот ва ҷабрдида бардурӯғ мебошад. Ман худро аз рӯи ягон моддаи пешниҳодшуда айбдор намешуморам», - зикр карда буд Алиев.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда, ёвари прокурори ноҳияи Ёвон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Хатлон ҳукм нисбати Машраф Алиевро бекор намуда, чораи пешгирӣ нисбати ӯро бетағйир боқӣ гузошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста