Дар Русия гумонбарон ба ҳамлаи «сангӣ» ба қатораи самти Маскав-Душанбе, ки рӯзи 26-уми октябр рух дода буд, боздошт шуданд. Инҳо 8 нафар наврасони синни аз 15 то 18-сола мебошанд.
Нашрияи Аргументы и факты дар ин робита менависад, онҳо аллакай ба содир кардани ин амал иқрор шуда, аз баёноти онҳо метавон ба хулосае расид, ки ин амал мақсадҳои миллатгароёна надоштааст.
Гуфта мешавад, муносибати роҳбалади қатораи Душанбе онҳоро ба ин амал водор сохтааст, яъне роҳбалад ба дархости онҳо дар бораи кушодани дари вагон барои гузаштан ба платформаи дигар ҷиҳати нишастан ба қатораи самти наздишаҳрӣ эътибор надодааст.
Шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҳамлаи ногаҳонӣ аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони славянитабор сурат гирифта, 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст.
Ҳаҷми зиёни расида ба қатораи самти Маскав-Душанбе то ҳол мавриди ҳисобу китоб қарор дорад, вале аллакай ҳозир дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тахмин мезананд, ки ҳаҷми зарар 1,5 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 300 $)-ро ташкил хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста