Дар доираи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2013» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ қариб 7 кг маводи нашъаовари гурӯҳи бангдонаро мусодира намуданд, ки ин мавод барои интиқол додан ба ҳудуди Федератсияи Россия равона буд.
Бино ба иттилои Агентии мазкур, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии ба нақша гирифташуда, дар ҳудуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду нафар зода ва истиқоматкунандагони шаҳри Конибодом, ки синну соли онҳо 35 ва 37 аст, дастгир шуданд. Дар вақти дастгиршавӣ аз онҳо 8 адад бастаҳои скотпеч,ки дар дохили онҳо маводи фишурдашудаи рангаш ҷигарии бо бӯйи махсус дошта, ёфт ва мусодира карда шуд.
Ташхиси гузаронидашуда нишон дод, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазнаш қариб 7 кг ташкил дод. Ба дастгиршудагон бо моддаи 200. қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ –муомилоти ғариқонунии маводи нашъаовар айб эълон карда шуд.
Мақсади асосии нашъаҷаллобон ин интиқол додани маводи нашъадор тариқи қочоқ аз ҳудуди вилоят ба Қирғизистон ва баъдан ба Федератсияи Россия буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста