Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амиршо Миралиев имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон музокироти парлумонӣ баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни ифтитоҳи музокирот Миралиев қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории музокироти мазкур таъмини шаффофияти хароҷоти воситаҳои буҷет ва ошкор сохтани камбудиву норасоиҳо дар ин самт мебошад.
«Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Сафаралӣ Раҷабов зимни суханрониаш зикр кард, ки мутобиқи маълумоти расида аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар зарфи 9 моҳи соли 2013 барои ғайриоқилона истифода кардани воситаҳои буҷет 1 ҳазору 192 нафар шахсони масъули вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва молиявӣ ҷалб гардида, 45 нафар мансабдорон аз кор озод карда шудаанд», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, дар назди иштирокчиёни музокирот ҳамчунин намояндагони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон низ дар ин бора ибрози назар карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста