Исҳоқ табаров яке аз вакили мудофеи Зайд Саидов имрӯз дар рафти конфронси матбуотӣ гуфт, ки мутобиқи ташхиси озмошгоҳи москвагии «БиоПапа», зерҳимояти ӯ аслан падари фарзанди «ҷабрдидаи таҷовуз нест».
«Мо аз оғоз ба дахл доштани ин кӯдак ба Зайд Саидов бовар надоштем, чунки худи ӯ ҳамеша аз ҷой доштани яягон навъ алоқа бо зане, ки ӯро ба таҷовуз муттаҳам кардааст, рад мекард. Аз ин рӯ, ман шахман ба озмоишгоҳи «Био Папа»-и шаҳри Москва сафар кардам. Дар натиҷа маълум гашт, ки Зайд Саидов аслан падари он тифл нест», - мегӯяд Табаров.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мувофиқи ин ташхис, метавон гуфт, ки натиҷаҳои ташхиси қаблан аз ҷониби мақомоти дахлдор ба суд пешниҳодшуда, пурра қалбакӣ ҳастанд.
«Имрӯз мо ба ҳамин хотир ҳуҷҷатҳои аз лабораторияи «БиоПапа» дастрас кардаро ба суд пешниҳод намудем ва суд ваъда дод, ки ба ҳамаи он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад», - гуфт табаров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста