Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2630-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров хабар дод, моҳи майи соли равон хизматчии ҳарбии қисми низомӣ сержант Аббосзода Ҷонибеки Давлатбек тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳамхизматаш Ҷӯрабек Шаймонов сарбоз С.С.-ро мавриди лату кӯб қарор дода, нисбати ӯ ҳар гуна таҳқирро раво дидаанд.
Нисбати Аббосзода Ҷонибеки Давлатбек ва Ҷӯрабек Шаймонов прокуратураи ҳарбӣ мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «в»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноятӣ боз кард.
Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи судшавандагон исбот шуд. Суд онҳоро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор эътироф карда, Аббосзода Ҷонибеки Давлатбекро ба 2 сол ва Ҷӯрабек Шаймоновро ба 1 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста