Рустам Тоштемиров ва ҳ ам ҷ авобгарон аз додани 10 миллион доллари амрикоӣ барои ҷуброни зарари маънавӣ ба волидайни Ҳамза Икромзода, ки бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи №1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, сарпечӣ мекунанд.
Тавре Файзали Икромзода падари фавтида ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, пас аз марги Ҳамза Икромзода бар асари асабоният чашҳояш хира шуда, ҳамсараш аз баландии фишори хун доим азият мекашад.
Аммо дар рафти мурофиаи судӣ 21-уми ноябр вакили дифоъи Рустам Тоштемиров ва ҳ ам ҷ авобгарон гуфт, ки даъвои ҷуброни маънавии волидайни Ҳамза Икромзодаро қабул надорад, чунки т иб қ и қ онун гуна ҳ гор аллакай зиндон ӣ шуд ва мутоби қ и қ арори қ аблии суд, марги Икромзода ҳ амоно худкуш ӣ дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, моҳи майи соли ҷорӣ суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Аммо наздикони Ҳ.Икромзода бо мазмуни ҳалнома қатъиян розӣ нашуданд, зеро дар он зикр мегардад, ки ҳарчанд Исмоилов Ҳамзаро бидуни таҳияи аснод дар ҳуҷраи ҷаримавӣ баставу дар лату кӯби ӯ даст дошта бошад ҳам, бо ин ҳама сабаби марги маҳбус худашро ба дор овехтан арзёбӣ мешавад.
Маҳмуд Исмоилов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста шуд. Нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад. Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.
Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Соли гузашта блогерони Тоҷикистон ҳудуди $2,5 млн даромад ба даст овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста