Кормандони Шӯъбаи байниминтақавии гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати Ҳ.Ҳасани ноҳияи Панҷакент дар гумонбарӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини маҳалии 42-соларо боздошт намуданд
Тавре аз АНМН назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вақти дастгирӣ намудан аз гумонбар як пакети селофанӣ бо маводи хамирмонанди рангаш ҷигарӣ бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира карда шуд.
Мутобиқи ташхиси гузаронидашуда, маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи «афюн» буда, вазни он ним килоро ташкил дод.
Аз рӯи суханони дастгиршуда, ӯ, маводи нашъаоварро барои минбаъд фурӯхтан дар ҳудуди вилояти Суғд дастрас намудааст.
Мутобиқи ин ҳодиса парванди ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муввақатии РАНМН вилояти Суғд ворид шудааст.
Айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ барои муайян намудани дигар шахсони ба ин амал даст дошта идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста