Дар сухани ниҳоии худ Зайд Саидов тамоми айбномаҳои алайҳи ӯ пениҳодшударо туҳмат хонд.
Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба журналистон дар ин робита зикр кард, ки ҳамчунин ӯ аз суд баҳои вокеӣ додан ба ҳолати ҷараёндоштаро дархост намудааст. Сухани ниҳоии Зайд Саидов муддати 2,5 соат тӯл кашид.
Пас аз мурофиа писари соҳибкор Хайрулло ба журналистон гуфт, падараш дар суд изҳор намудааст, ки: «Агар ҳабсаш ба нафъи давлати мо бошад, пас ба қурбон шудан ба хотири он омода аст».
Дар ҳамин ҳол, писари Саидов ҳамчунин гуфт, агар падари ӯ озод карда шавад, ин обрӯву нуфузи кишварро баланд мебардорад.
Ба қавли адвокат, чун дар парванда бисёр ҳолатҳои шубҳаовар ҷой доранд, ба гумони ӯ, ба суд барои содир намудани ҳукм на камтар аз як ҳафта вақт лозим аст.
Раёсати мурофиаро судя Шавкат Абдулҳақов ба дӯш дорад. Ин ҳамон судяест, ки мурофиаи парвандаи Маъруф Орифов, мудири кулли шабакаҳои супермаркети «Орима»-ро раисӣ карда буд. Дар мурофиаи зикршуда айбдоркунанда ба М.Олимов ҳукми 4 соли зиндони низоми умумиро дархост намуда буд, вале Ш.Абдулҳаков мудири кулли шабакаҳои супермаркети «Орима»-ро ба 8,5 соли зиндони низомаш шадид бо мусоидари молу мулк маҳкум кард.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми декабр айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов ҳукми 28 соли зиндон дода шавад. Ҳамчунин прокурор аз суд дархост кард, ки молу мулки соҳибкор мусодира ва муддати 5 соли баъди адои ҷазо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани Зайд Саидов манъ карда шавад, яъне вақте ки ӯ ба синни 83-солагӣ по мениҳад.
Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.
Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста