Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар аъзои комиссияи даъват ба хизмати ҳарбии ноҳияи Носири Хусравро маҳкум намуд.
Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табиби комиссия Бобохон Очилдиев ба сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ, корманди шуъбаи дуюми комисариати ҳарбии ноҳия Шуҳратҷон Тавқиев ба сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме ба 2 соли зиндон маҳкум карда шуданд.
Дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ табиб Бобохон Очилдиев дар корти 6 нафар даъватшаванда ғайриқонунӣ онҳоро бемор зикр карда, барои бистарӣ шудан ба бемористони ноҳия мефиристад. Чун худаш дар ин бемористон кор мекард, ин даъватшавандагонро бистарӣ намекунанд, аммо дар кортҳо зикр гардида буд, ки онҳо дар бемористон бистарӣ буданд.
Бар асоси ин хулосаи тиббӣ корманди шуъбаи дуюми комисариати ҳарбии ноҳия Шуҳратҷон Тавқиев дар корти даъвати онҳо муҳри комиссияи даъватро гузошта, ба онҳо бо тамғаи «ба хизмати ҳарбӣ корношоям аст» билети ҳарбӣ медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста