Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи ба истилоҳ «Абрешимчӣ» ҳукм содир шуд.
Ҷинояткорон ҳанӯз тобистони соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шуда буданд.
Аъзои гурӯҳ Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Зоҳирҷон Бобоев мутобиқи моддаи 250-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Истифодаи зӯроварӣ бо мақсади фоида ба даст овардан бо маслиҳати пешакӣ) гунаҳкор дониста шуда, Бобоев ба 11 сол ва Халилову Собиров ҳар кадоме ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуданд.
Дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки гурӯҳи ҷиноятпеша ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо натанҳо дар вилояти Суғд, балки дар минтақаҳои дигар низ даст дорад. Халилов ва Собиров дар Русия низ нисбати ҳамватанони худ ҷиноятҳо содир намудаанд.
Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати дарёфти аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпеша тадбирҳо меандешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста