Дар натиҷаи амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аъзои боз ду гурӯҳи нашъаҷаллобон, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ машғул буданд, боздошт шуданд.
Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, сарвари ширкати «Мадинаи мунаввара» ҳоҷӣ Далер Гадоев, сокини 49-солаи ноҳияи Дарвоз, собиқ хизматчии ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ Маҳмудбек Мирзоев ва сокини 49-солаи ҳамин ноҳия, соҳибкор Давлатбек Акурзабеков боздошт шудаанд.
«Дар ноҳияи Дарвоз онҳо бо шаҳрванди Афғонистон бо номи Мулло маслиҳат карда, аз ӯ 19 кило маводи мухаддири ҳашиш мехаранд ва «бор»-ро ба пойтахт меоранд. Онҳо бо далели шайъӣ дар шаҳри Душанбе дастгир шуданд», - гуфтанд дар КДАМ.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти дигар дар ноҳияи Панҷ сурат гирифта, дар ҷараёни он низ ҳудуди 19 кило маводи мухаддири бангдона мусодира шудааст.
«Гурӯҳи қочоқбарони афғон бо як миқдор маводи нашъаовар тариқи қаиқи худсоз дарёи Панҷро убур намуда, ба амри марзбонон дар бораи бозистодан итоат накарданд. Шаҳрванди Афғонистон Ҳоҷӣ Акбар валади Ҷӯра дар ҷойи ҳодиса кушта шуда, ҳаммаслаки ӯ Кароматулло валади Муҳаммадсуяк боздошт гардид», - афзуд манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста