Соҳибкори тоҷик Зайд Саидов зимни суханрони ниҳоияш, ки 14-уми декабр анҷом ёфт, аз додгоҳ баррасии одилонаи парвандаашро дархост карда, қайд намудааст, ки 28 соли аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ талабшударо чун маҳкум сохтан ба марг қабул кардааст. Дар ин бора вакилони дифои Зайд Саидов нақл карданд.
Зайд Саидов ҳамчунин дар рафти баромади ниҳоии худ ёдовар шудааст, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми қасамёдкунӣ ваъда дода буд, тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя кунад. Аз ин рӯ, бо таъкид юа ин суханҳои раисҷумҳур хостааст, қазияаш аз чониби суд одилона баррасӣ шавад. Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки ба ҷиноятҳои сангине, ки ӯро айбдор мекунанд, даст надорад, чунки онҳо аслан ба хислати инсонии ӯ номувофиқанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста