Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи кормандони мақомоти милисаи пойтахт миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон Муҳриддин Насриддинови 26-сола боздошт шудааст.
«Ҳангоми кофтукови борхалтаи дар дасташ будаи боздоштшуда аз дохили он 22 кг 176 грамм маводи нашъадори сахттаъсири «героин», 12 кг 792 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 8 кг 856 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш», ҷамъ ба миқдори 43 килою 924 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд», - омадааст дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста