Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар қаламрави кишвар якчанд амалиёти муассир гузарониданд, ки дар натиҷаи онҳо канали интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон баста шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори калони маводи мухаддир ва муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Амалиёти якум дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо истифода аз усули “таҳвили назоратшаванда” гузаронида шуд.Яъне, дар ҳудуди пойтахт аз ҷониби кормандони оперативӣ 2 кило афюн гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти дигар аз ҷониби кормандони АНМН дар ноҳияи наздисарҳадӣ бо ҶИА – ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон сурат гирифт. Дар ҷараёни амалӣ намудани маълумоти оперативӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 91 кило бангдона, як дона гранатаи (буми) дастӣ РГД-5 ва тирҳои автомати Калашников мусодира гардиданд.
Зимнан зикр гардид, ки барои ҷинояти содиршуда шаҳрванди 39 солаи ҶТ дастгир карда шуд.Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, ашхоси дастгиршуда ба тавқифгоҳи муваққатии АНМН ба ҳабс гирифта шуданд.Оид ба дастгир кардани ҳамаи шарикони дар ҷиноятҳои мазкур дастдошта, чораҳо андешида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста