Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуд, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс гардидааст.
Дар ин бора Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар додааст. Мақомот мегӯянд, Шукуров барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Раҳмонов ба масъулони “Озодагон” ваъда дода буд, ки Абдураҳим Шукуровро барои ташхис ё экспертиза мебарад ва баъдан раҳо хоҳад кард. Зеро наворбардори “Озодагон” дар як дидори кӯтоҳ бо масъулони хабаргузорӣ шикоят кард, ки ӯро баъд аз боздошт дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи умури дохилӣ латту кӯб кардаанд ва ноҳияи чашмаш осеб дидааст.
Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд.
Хонум Бобоназарова дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, "ман хостам, сӯҳбат кунам ва бигӯям, ки вай ҳеч қонунро вайрон накардааст. Онҳо нагузоштанд ва гуфтанд, ки мо мебарему ҷавоб медиҳем. Ман гуфтам, модоме ки ҷавоб доданӣ ҳастед, чаро мебаред? Яъне, методе ки бояд тарс диҳанд, ҳеч аз он дур намешаванд. Роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ бояд ба ин фактҳо аҳамият диҳанд."
Қарори ҳабси Абдураҳим Шукуров дар ҳоле содир шуда, ки ӯ вакили мудофеъ надошт. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, боздошт ва ҳабси Шукуровро, ки танҳо машғули фаъолияти касбияш будааст, ғайриқонунӣ донист.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста