Нисбати гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», ки рӯзи 25-уми декабр ҷиҳати дастгирии соҳибкор Зайд Саидов дар назди тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ ҳузур доштанд, протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Айни замон Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва чор нафар хешони соҳибкор барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар назди тавқифгоҳи муваққатии КДАМ зимни содир шудани ҳукм нисбати Зайд Саидов дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор доранд.
Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз онҳо ба шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оварда шудаанд.
«Ин шахсон ҳамту дар қаламрави тавкифгоҳи муваққатӣ ҳузур доштанд. Онҳо ҳатто дар хотимаи содир шудани ҳукм омаданд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардаанд», - зикр кард Қудратов.
Ёдрас мекунем, ки маҳз Зайд Саидови рӯзи 25-уми декабр ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» дониста мешуд.
Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов дар суҳбат бо журналистон изҳор намуд, ки онҳо ба амалисозии нақшаҳои Зайд Саидов оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ идома мебахшанд.
«Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Зайд Саидов изҳор кард, ки дар куҷое қарор надошта бошад, ба кори худ идома медиҳад ва ин даъват аз мо, аз ҳамфикронаш буд. Ин маънои онро дорад, ки мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба таври қонунӣ тибқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ин ҳизбро таъсис диҳем», - гуфт ҳуқуқшинос.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста