Дар вилояти Суғд як узви ҳаракати фаъоияташ мамнуъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан Х.И. ба 10,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, маҳкумшударо кормандони прокуратура ба гумони узвият дар ин ҳаракат моҳи июли соли равон боздошт намуда буданд.
«Ӯ мутобиқи моддаҳои 185 (Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ), 187 (. Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш). 32, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор дониста шуд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки алҳол ҳукм мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он метавон ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурд.
Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» шуъбаи тоҷикистонии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, аз ҷониби «Ал-Қоида» маблағгузорӣ мешавад.
Моҳи майи соли равон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳор дошта буд, ки аъзои ин гурӯҳ ба ҳодисаҳои Рашт дар моҳи сентябри соли 2010, содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Суғд ва ҳамчунин кӯшишоти содир кардани як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе даст доранд.
Ҳамчунин моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон расман эълом дошт, ки фаъолияти гуруҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда мешавад. Зикр гардида буд, ин қарор бо мақсади ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти кишвар қабул шудааст.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2012 фаъолияти созмону гурӯҳҳои «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати Толибон, ҲИӮ, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра дар маҷмӯъ 12 гурӯҳ ҳамчун созмонҳои ифротгаро ва террористӣ мамнӯъ эълон шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста