Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, парвандаеро алайҳи Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро дастрас накарда, қарореро низ барои ҳабси ӯ содир нанамудаанд. Ин нуктаро Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 26 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” баён доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти пулис ҳақ надоранд, аз пеши худ, бидуни қарори додгоҳ шаҳрвандро барои ҳафт шабонарӯз ҳабс намоянд: “Мақомот метавонад, танҳо ба муҳлати 3 шабонарӯз барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандро бе қарори додгоҳ боздошт намояду бас”.
Дар дафтархонаи умумии Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки тамоми парвандаҳоро аввалин шуда ба қайд мегиранд, ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки парвандаи Абдураҳим Шукуров ба ин додгоҳ ворид нагардидааст. Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошту латукӯб шудааст.
Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуд, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста