Пас аз якуним рӯзи боздошт наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров аз боздоштгоҳ раҳо шуда, суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ӯро дар ҳаҷми 320 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.
Дар қарори судя Раҷабов аз 25-уми декабр нисбати наворбардор гуфта мешавад, ки Р.Шукуров рӯзи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ба як гурӯҳи хешони соҳибкор пайваста, наворбардорӣ кардааст ва ба талаботи кормандони милиса итоат накардааст.
Бино ба қарори додгоҳ, ин амали наворбардори “Озодагон” оромии шаҳрвандон - Эмомалӣ Раҳимбердиев, Амина Каримова ва чандеи дигарро гӯё халалдор намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мурофиаи "Зайд Саидов" ҷалб намудааст.
«Пас аз пардохти маблағи ҷарима маро раҳо карданд. Ҳангоми боздошт ба рӯям ва аз пуштам ду зарба зада, ба автомашина савор карданд ва сипас талаб карданд, ки агар ҷарима насупорам, маро ба муддати 7 рӯз ҳабс мекунанд», - гуфт тариқи телефон Абдураҳим Шукуров.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба озодии наворбардор ҷомеаи журналистии кишвар тасмим гирифт, ки аз корпартоии сесоата, ки аз соати 08:00 то 11:00-и имрӯз дар назар буд, даст кашад, вале ин қазияро пайгирӣ хоҳад намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста