Раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ ба корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ш.Б. зимни порадиҳӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари иМА ба корманди Агентӣ бо далели шайъӣ дастгир шудааст.
«Раиси хоҷагӣ ин маблағро ба корманди Агентӣ барои мусбат ҳал шудани масъала ба нафъи худ, яъне ба таъхир гузоштани санҷиши вазъи иқтисодиву молиявии хоҷагии мазкур пешниҳод кардааст», - гуфтанд дар раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Шахсан ё тавассути миёнарав пора додан ба мансабдори давлатӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста