Аз оғози соли равон дар қатори дигар воҳидҳои дахлдори ВКД занон-кормандони милитсияи тоҷик велосипедсавор рӯзона ба таъмини амният ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон шурӯъ намуданд.
Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддини Садриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳайати ин милисазанон 10 нафар кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе шомил буда, ба ҷуз таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аҳолӣ дар маҳалҳо ва ошкор намудани кӯдакони гумшуда низ аз ҷумлаи вазифаҳои онҳо ба шумор меравад.
Ба гуфтаи ӯ, ин занон ахири соли гузашта дар маркази омӯзишии ВКД дар курсҳои шашҳафтаинаи омодагии «Баланд бардоштани мақомии зан дар сохтори тартиботи ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар ҶТ гузаронида шуд, таълим гирифтанд. Зимнан зикр гардид, ки онҳо бо малакаҳои дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоте, ки мардуми Тоҷикистон бо онҳо бештар дучор мешавад, аз қабили хушунати хонаводагӣ, худкушӣ миёни занон, зӯроварӣ дар байни ҷавонон, хариду фурӯши одамон ва ғайра омӯзонида шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста