Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов, ки ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд, ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиатнома омода мекунанд.
Яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов дар ин робита зикр кард, ки то ҳанӯз судяи Суди олии ҶТ Шавкат Абдулхайров нусхаи ҳукм аз 25-уми декабри соли 2013 нисбати зерҳимояи онҳоро ба адвокатҳо надодааст.
«Судя талаб мекунад, ки дар бораи огоҳии ӯ ба мо мутобиқи моддаи 361 –и КҶ ҶТ ва моддаи 177 КМҶ ҶТ дар мавриди ифшо накардани маводи парванда ва ҳукм забонхат бидиҳем. Мо аз болои ин ҳукм, ки ғайриқонунӣ мешуморем, ба зинаҳои болоӣ шикоят бурда наметавонем, зеро то ҳанӯз нусхаи ҳукм ба дастамон нарасидааст ва мо мушаххас намедонем, ки бо кадом асосҳо ва аз рӯйи кадом далелҳо суд З.Саидовро дар содир намудани ҷиноятҳо гунаҳкор донистааст. Бо ин амал судя ба нақзи моддаи 14-и Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ роҳ медиҳад», - иброз дошт Ш. Қудратов.
Адвокат мутмаин аст, ки Шавкат Абдулхайров аз ангезаҳои сиёсии парвандаи мазкур огоҳ буда, аз онҳо амалҳои ғайриқонуниро талаб ва ҳарос дорад, ки адвокатҳо ҳукми ӯро ба нашр мерасонанд ё манхзури ҳамагон мегардонанд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба 26 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста