Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар робита ба изҳороти адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов бобати имкон надоштани дастрас кардани нусхаи ҳукм ба зерҳимояашон мутобиқи муҳлатҳои муқаррашуда тибқи қонунгузорӣ, зикр кард, ки гуфтаҳои онҳо асоси воқеӣ надоранд.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз панҷ рӯзи содир шудани ҳукм, ба адвокатҳои соҳибкор пешниҳод шуд, ки нусхаи ҳукмро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, вале онҳо рад кардаанд.
«Таври маълум парвандаи Саидов таҳти муҳри махфӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба мо ҳам таҳти ҳамин муҳр ворид шуд. Бо назардошти ин ҳолат, барои гирифтани нусхаи ҳукм мо аз адвокатҳои Саидов додани баёнот дар бораи ифшо накардани маълумотро талаб кардем, вале онҳо розӣ нашуда, аз гирифтани нусхаи ҳукм рӯ тофтанд», - зикр кард Абдуллоев.
Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раисикунанда дар мурофиаи Зайд Саидов, судяи Суди олии Тоҷикистон Шавкат Абдулхайров изҳор кард, ки сарфи назар аз пушти дарҳои пӯшида баргузор шудани мурофиа, дар тамоми муддати мурофиа писар ва бародари судшаванда ва намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслӣ ва ягонаи ба парвандаи Саидов гузоштани муҳри махфӣ ҳузур доштани духтари ноболиғ дар он аст.
Дар робита ба масъалаи ба мурофиа роҳ дода нашудани намояндагони матбуот, Абдулхайров зикр кард, ки оид ба ин масъала ягон журналист ба ӯ муроҷиат накардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста