Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назаров дар робита ба фавти узви раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара Умедҷон Тоҷиев дар бемористони зиндони шаҳри Хуҷанд, ки аз ошёнаи сеюми Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба берун афтода, аз пояш ҷароҳат бардолшта буд, изҳор намуд, ки ӯ ба иллати бемории дил фавтидааст.
«Дар робита ба овозаҳо атрофи ин қазия, ки гӯё нисбати ӯ аз фишору лату кӯб ва шиканҷа кор гирифта шуда бошад, ин тавр нест. Агар касе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба шахсе амалҳои ғайриқонунӣ содир кунад, мо нисбати ӯ чораҳои дахлдор меандешем», - гуфт Назаров.
Ба гуфтаи ӯ, ин парвандаро прокуратура тафтиш мекард ва агар дар амалҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қонуншиканиҳо ошкор мешуданд, прокуратура нисбати он чораҳои дахлдор андешида, парвандаи ҷиноӣ боз мекард.
Ёдовар мешавем, Умедҷон Тоҷиев дар бемористони марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар вилояти Суғд, воқеъ дар муассисаи ислоҳии 3/5-и шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид.
Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар рафти ҷаласае, ки имрӯз баргузор шуд, омили марги узви ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев дар беморхонаи боздоштгоҳи вилояти Суғдро баррасӣ карда, масъулияти онро бар дӯши мақомоти интизомӣ вогузошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста