Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Муштарӣ Муборакшоеваро ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард.
Ёдрас мекунем, ки Муборакшоева аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми кӯшиши интиқоли 2,5 кило маводи нашъаовари героин ба Маскав боздошт шуда буд.
Рӯзи 16-уми сентябри соли гузашта Муштарӣ Муборакшоева ҳамроҳи шавҳараш Қоимдод Қомидодов, писари сафири Тоҷикистон дар Белорус дар фурудгоҳи Душанбе зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав - Минск боздошт гардида буд. Дар бағочи сафарии онҳо 2,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт гардид. Муфаттишон хабар дода буданд, ки героин дар пинҳонгоҳи таги ҷомадон ошкор карда шуд.
Рӯзи дигар, 17-уми сентябр Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки дар ин қазия нофаҳмиҳои зиёде мавҷуданд ва алҳол маълум нест, ки ҷомадон ба кӣ таллуқ дорад. Баъдан маълум шуд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар танҳо келини дипломат дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Қоимдод Қоимдодов ба ҳайси мушовири Суди иқтисоди Белорус фаъолият дошта, бо ҳамсараш дар шаҳри Минск иқомат дошт.
Қозидавлат Қоимдодов аз соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Белорус аст. Қаблан ба ҳайси муовини раиси парлумон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста