Зимни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 50-солаи ноҳияи Восеъ Маҳмад Раҳимов боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, дар пинҳонгоҳи махсуси баки (зарф)-и бензингирии автомшаинаи тамғаи ВАЗ-21011, ки ба боздоштшуда тааллуқ дошт, як миқдор маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
«Дар ҷараёни идомаи амалиёт ҳамчунин ҳаммаслаки боздоштшуда, сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Додоҷон Ҷумъаев низ дастгир шуд», - гуфтанд дар шуъбаи КДАМ.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон гувоҳӣ додаанд, ки маводи нашъаоварро аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳоҷӣ Маҳмад дастрас намуда, онро дар манзили сокини 40-солаи ҷамоати Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷӯравбек Назаров пинҳон кардаанд, то ки минбаъд ба вилояти Суғд интиқол диҳанд.
«Аз боздоштшудагон дар маҷмӯъ 18,5 кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳудуди 10 кило ҳашиш ва 9 кило афюн мусодира шуд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста