- Адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов баъзан бо изҳороти беасос ҳақмузди худро кор мекунанд, - изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.
Зимни посух ба саволҳо дар бораи гуногунии маълумот оид ба ташхиси ДНК барои муайян кардани эҳтимолияти падарии З.Саидов дар озмоишгоҳи «БиоПапа»-и шаҳри Маскав, ӯ зикр кард, ки дар парванда на даъвои эътирофи падарии З.Саидов, балки даъвои ҷабрдида дар бораи дар синни 14-солагӣ аз ҷониби Саидов содир шудани таҷовуз ба номуси ӯ баррасӣ шуд.
«Он замон адвокатҳои Саидов хоҳиш карданд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падарии З.Саидов нисбати кӯдаки даъвогар ташхиси ДНК гузаронида шавад, вале чун қонун ба адвокатҳо мустақилона баргузор кардани чунин амалҳоро манъ мекунад, мо расман ба озмоишгоҳи зикршудаи Маскав муроҷиат намудем ва расман посух гирифтем, ки эҳтимолии падарии З.Саидов 99,9% мувофиқ аст», - иброз дошт Саидов.
Дар идома ӯ қайд кард, ки ба дархости на расмӣ, балки шахсии адвокатҳо озмоишгоҳ хулосаи дигар пешниҳод кардааст. «Вале дар ин ҳолат на падари кӯдак эътироф шудани Зайд Саидов, балки ба таҷорвуз ба номус айбдор донистани ӯ муҳим аст», - таъкид дошт роҳбари Агентии зиддифасод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста