Аз ҷониби мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ҷинояти коррупсионӣ вобаста ба дар ду ҳолат гирифтани пора аз ҷониби як шахси мансабдор ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии мазкур, зимни баррасии аризаи шикоятии соҳибкор Мирзокаримов Р.С. муқаррар карда шуд, ки мутахассиси Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе Ҷумъахон Холов дар асоси фармоиши роҳбарияти раёсати андоз ҳанӯз моҳи августи соли 2013 барои гузаронидани санҷиши мавзӯии фаъолияти соҳибкории Мирзокаримов Р.С. сафарбар карда шуда, ҳамчун шахси мансабдор, бо сӯйистифода аз мақоми хизматиаш, барои дар санади санҷишӣ ба манфиати охирон пинҳон ва кам карда нишон додани пардорхтҳои ҳатмии андоз, аз ӯ маблағи пулии 50 000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда гирифтааст.
Ҳамчунин Ҷумъахон Холов ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро идома дода аз нав санаи 03- январи соли 2014 ба шаҳрванд Мирзокаримов Р.С. шарт мегузорад, ки барои аз нав мавриди санҷиш қарор надодани фаъолияти соҳибкории ӯ, ҳаққи хизматашро ба маблағи 5-ҳазор доллари амрикоӣ худи ҳозир ба ӯ оварда диҳад.
Сипас соҳибкор Мирзокаримов Р.С. ноилоҷ 1000-доллари амрикоии бо худ доштаашро санаи 3 феврали соли равон ба ҳайси пора ба Холов Ҷумъахон додаст, ки охирон онро гирифта, то рӯзи дигар оварда додани маблағи боқимондаи 4000 доллари амрикоиро дигарро талаб намудааст.
Бо дарназардошти чунин ҳолати кор шаҳрванд Мирзокаримов Р.С.бегоҳии хамон рӯз бо аризаи шикоятӣ нисбати ҳаракатҳои ғайриқонунии Ҷумъахон Холов ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст.
Санаи 4 феврали соли 2014 тахминан соати 13-дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ дар ҳудуди кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе мутахассиси Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз шаҳри Душанбе Ҷумъахон Холов ҳангоми аз Мирзокаримов Р.С. гирифтани маблағҳои боқимондаи пора ба миқдори 4000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт шудаанд.
Оиди ҳодисаи мазкур санаи 04 феврали соли 2014 нисбати гумонбаршуда Холов Ч.М. бо аломатҳои банди «в» қисми 4 моддаи 319-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ муққарар намудааст) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Бо дарназардошти аз ҷониби Холов Чумахон содир шудани ҷинояти вазнин, нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар намуди дастгиркунӣ татбиқ карда шуда, ба тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста