Шаҳрванди Тоҷикистон ба кӯшиши фурӯши миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовар дар Русия гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти прокуратураи Русия дар вилояти Брянск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон Боқӣ Алиқуловро ба он гумонбар медонанд, ки ӯ зимни иқомат дар ноҳияи Фокини шаҳри Брянск 4 кило маводи мухаддири сахттаъсири герроинро барои фурӯш омода кардааст, ки ин миқдор ниҳоят зиёд арзёбӣ мешавад.
Мутобиқи моддаи 228.1, қ. 5-и Кодекси ҷиноии Русия (Истеҳсоли ғайриқонунӣ, фурӯш ё интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) барои содир кардани чунин ҷиноят аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад низ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи хулосаи прокурор, нисбати Алиқулов чораи пешгирии таҳти ҳабс қарор доштан таъин шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи боздошти гӯё наркобарони бузурги тоҷик Атобек Гулмамадов дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) хабар дод, ки яке аз роҳбарони гурӯҳи бузурги байнулмилалии қочоқбарони нашъа ба шумор меравад.
Аввали моҳи феврали соли 2013 Гулмамадов ба Русия истирдод шуда, аввали моҳи март бошад, яке аз шабакаҳои муваффақи телевизионии Русия Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кард , ки ба Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ба Русия истирдод накардани кочоқбари маводи мухаддир Атобек Гулмамадов нота фиристодааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста