Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким нисбати ҳафтавори «Самак» идома меёбад. Даъвогар барои зиёни маънавӣ ва паст задани шаъну эътибор пардохти 150 ҳазор сомонӣ маблағро талаб дорад.
Сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд идораи ҳафтаномаро огоҳ кардааст, ки мурофиаи судӣ санаи 14-уми феврал барқарор мешавад ва даъвогар боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 7% аз ҳаҷми умумии маблағи даъворо пардохт намудааст. Қоблили зикр аст, ки маҳз бо сабаби пардохт нашудани боҷи давлатӣ даъво бидуни барррасӣ боқӣ гузошта шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Аскар Ҳаким аз болои ҳафтавори «Самак» ба додгоҳ шикоят бурда , барои паст задани шаъну эътибор ба сифати ҷуброни маънавӣ пардохти 150 ҳазор сомонӣ маблағро тақозо намуд.
Сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев он замон изҳор намуда буд, ки даъвогар ба мақолаи санаи 20-уми март чопшуда дар ҳафтавор тахти унвони «Зиёиёни бемушкили тоҷик» ишора дорад, ки дар он перомуни Иттифоқи рассомон сухан мерафтааст, вале ба иллати иштибоҳи фаннӣ ба ҷойи Иттифоқи рассомон Иттифоқи нависандагон дарҷ шуда, замони рӯйдодҳои мақола ба вақти дар мансаби раиси Иттифоқи нависандагон қарор доштани Аскар Ҳаким рост омадааст.
Баъдан Аскар Ҳаким изҳор карда буд, ки ҳафтавори «Самак» даъвои ӯ нисбати ин нашрияро ғайривоқеъӣ ва нодуруст шарҳ медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста