Намояндагони озмоишгоҳи тиббии «БиоПапа»-и шаҳри Маскав изҳороти роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар бораи маълумоти бардурӯғ додан аз ҷониби озмоишгоҳро рад намуда, тавассути ВКХ Русия аз болои ин изҳорот шикоят бурданианд.
Намояндаи озмоишгоҳ Лилия Лазарева дар онлайн-конфронс ба журналистони тоҷик иттилоъ додааст, ки онҳо ба тасдиқи саҳеҳияти хулосаи худ омода буда, ин натиҷаҳоро метавон дар ҳама гуна озмоишгоҳи дигари саросари ҷаҳон дубора тафтиш кард, зеро ДНК-и инсон тӯли тамоми ҳаёташ тагйир намеёбад ва аз ин рӯ, тағйир додани он ҳам ғайриимкон мебошад.
Ба гуфтаи Лазарева, 17-уми августи соли гузашта як шахс бидуни ифшои ному насаб ба онҳо муроҷиат карда, дар дока хуни се нафарро пешниҳод ва дархост кардааст, ки барои суд онро ташхис намоянд, вале чун дар ин бора таъиноти суд набудааст, онҳо баргузории ташхисро рад карда, доир кардани санҷиши маълумотномавиро пешниҳод кардаанд ва он шахс розӣ шуда, дар муддати кӯтоҳ ин санҷиш гузаронида шудааст. «Ин ташхис нишон дод, ки эҳтимоли модарии зан ба фарзанд тасдиқ, вале эҳтимоли падарии мард ба фарзанд тасдиқ намешавад», - иброз доштааст ӯ.
Дар идома номбурда зикр кардааст, ки адвокатҳои соҳибкор ба онҳо иттилоъ додаанд, ки дар маводи парванда зикр мегардад, ки «эҳтимоли падарӣ истинно нест». «Бояд гуфт, ки чунин тарзи ифода дар ин гуна хулосаҳо истифода намешавад. Дар хулосаҳои мо чунин ифодаҳо дода мешаванд: «эҳтимоли падарӣ амалан собит шуд» ё «собит нашуд», - изҳор кардааст Лазарева.
Ба гуфтаи намояндаи озмоишгоҳ, изҳороти Ф.Саидов ба обрӯву нуфузи озмоишгоҳ зиён оварда, онҳо бо мактуб ба ВКХ Русия муроҷиат хоҳанд кард, то ки тавассути онҳо норозигии худро изҳор намоянд.
«Озмоишгоҳи мо дар бозор соҳиби обрӯву нуфуз аст ва мо ҳеҷ гоҳ барои як ҳодиса нуфузи худро зери шубҳа гузоштанӣ нестем. Бинобар ин, мо ба исботи саҳеҳияти натиҷаҳои худ дар ҳама гуна озмоишгоҳ омодаем», - таъкид доштааст Лазарева.
Дар фарҷом Лазарева илова намудааст, ки «агар мақомоти суд ва тафтишот ба барқарор кардани ҳақиқат дар қазия бо ташхиси ДНК манфиатдор бошанд, мо омодаем, ки бо дархости кадом ҷонибе, ки набошад, дар суд ба сифати шоҳид баёнот диҳем».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми феврали соли равон зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов дар робита ба ин масъала изҳор намуда буд , ки «он замон адвокатҳои Саидов хоҳиш карданд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падарии З.Саидов нисбати кӯдаки даъвогар ташхиси ДНК гузаронида шавад, вале чун қонун ба адвокатҳо мустақилона баргузор кардани чунин амалҳоро манъ мекунад, мо расман ба озмоишгоҳи зикршудаи Маскав муроҷиат намудем ва расман посух гирифтем, ки эҳтимолии падарии З.Саидов 99,9% мувофиқ аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста