Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор баровард, ки баҳси шаҳрдорӣ вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бебаррасӣ монда шавад.
Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Бузурмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, хабар дод. «Мутобиқи қарори пленуми Додгоҳи Олӣ, ягон додгоҳ ҳуқуқ надорад, шаҳрванд ё ташкилотро барои узрпурсӣ аз ҳукумат ё давлат маҷбур созад. Ҳамин андешаро мо низ дар арзаи шикоятии худ оиди қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кассатсионии суди шаҳри Душанбе оварда будем», - афзуд Ёров.
Ӯ муътақид аст, ки агар ҳатто Додгоҳи Олӣ ин даъвои шаҳрдориро нисбати Муҳиддин Кабирӣ баррасӣ мекард, ҳатман ҷониби ҷавобгар дар он ғолиб меомад.
«Чун Муҳиддин Кабирӣ миёни мардум обру ва эътибор дорад, Додгоҳи Олӣ ин баҳсро баррасӣ накард. Аммо дар ҳар сурат ин баҳс муддати тулонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт, дар ҳоле, ки Додгоҳи Олӣ қарори додгоҳҳои поёниро бояд бе ягон шакку шубҳа бекор мекард ё ҳадди ақал ягон раддия пешниҳод мекард», - гуфт Ёров.
Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 30-юми январи соли 2013 бар асоси шикояти шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев Кабириро муваззаф кард, ки тавассути матбуот аз шаҳрдорӣ узр бипурсад. Дар ин маврид Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, ки узур намепурсад ва нияти узурпурсӣ ҳам надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста