Дар суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 4 нафар сокини шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъори «Соҳибкорбонк» дар шаҳри Хуҷанд, ки ҳанӯз 10 сол қабл содир шуда буд, ба итмом расид.
Санаи 27-уми майи соли 2003 афроди номаълум бо мақсади тасарруфи пули нақд дар назди даромадгоҳи хонаи №67-уми маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд ба сӯйи корманди нуқтаи мубодилаи асъор Бахтиёр Узоқов аз таппончаи Макаров тир холӣ карда, 7,6 ҳазор доллари ӯро азхуд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд. Корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда буд.
Баъди гузашти 10 сол ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят ҳамсояи 33-солаи марҳум Равшан Сатторов, ки яке аз созмондиҳандагони ҷиноят ба шумор меравад, хеши 32-солаи ӯ Юсуф Аъзамов ва ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд Афзалхони Абдураҳмон бо лақаби Азиз, ки қаблан барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуда буд ва боз як сокини 33-солаи шаҳри Хуҷанд Ҳабиб Юсуфов боздошт шуданд.
Суд онҳоро мутобиқи моддаҳои 36, қ. 4 ва 5, 249, қ. 4, б. «б» ва «в», 195, қ. 2, 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, Афзалхони Абдураҳмон ро ба 25 сол, Ҳабиб Юсуфов , Равшан Сатторов ва Юсуф Аъзамов ро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста