Дар вилояти Суғд волидайни боз як оила барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ ба фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта нисбат ба сокини ноҳияи Конибодом Ш.Ш. мутобиқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2013 ӯ дар таҳсили писараш, хонандаи синфи 5-ум ва духтараш, хонандаи синфи 7-уми мактаби таҳсилоти умумӣ монеъа эҷод кардааст.
Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, соли 2013 дар қаламрави вилоят 28 нафар волидайн барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, ҳамчунин 338 нафар падару модарон барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста