Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров имрӯз аз болои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Прокуратури генералии ЧТ шикоят бурд. Дар аризаи худ пешвои ҲСДТ ВКД-ро ба риоя накардани меъёр ва талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» айбдор мекунад.
Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ВКД Тоҷикистон дар баррасии аризаи ӯ оид ба тафтиши ҳодисаҳое, ки дар натиҷаи онҳо ба вохӯриҳояш бо журналистон дар моҳи декабри соли гузашта ва моҳи январи соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи занон монеъа эҷод шуд, беэътиноӣ зоҳир намудааст.
«Ман чандин маротиба ба мақомоти корҳи дохилӣ бо дархости ошкор ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани дастандаркорон ва иҷрокунандагони ин ҳодисаҳо муроҷиат кардам, вале ба муроҷиатҳоям то ба ҳол таваҷҷуҳ зоҳир намешавад», - зикр кард Зойиров.
Ёдрас мекунем, ки ба баргузории вохӯриҳои раиси ҲСДТ бо рӯзноманигорон дар рӯзҳои 10-уми декабри соли гузашта ва 12-уми январи соли равон монеъа эҷод гардид. Он замон як гурӯҳи занон ба толори вохӯрӣ ворид шуда, Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги навбатии шахрвандӣ дар Тоҷикистон муттаҳам намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста