Ташкилоти ҷамъиятии «Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (BHR) аз қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ бо даъвои намояндагони зиёиёни тоҷик нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳори нигаронӣ намуда, бар ин назар аст, ки ин қарор озодии баён дар кишварро ба таври ҷиддӣ маҳдуд мекунад ва дар он меъёрҳои байнулмилалии озодии баён риоя нашудаанд.
Директори ташкилот Наргис Зокирова дар мавриди ин масъала зикр кард, ки ба озодии ибрози андеша дар моддаи 30-юми Конститутсияи Тоҷикистон ва моддаи 19-уми Аҳдномаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистонро онро эътироф намудааст, кафолат дода шудааст.
«Қобили зикр аст, ки дар мавод ному насаби афроди мушаххас зикр нагардида, муаллиф аз гуфтаи В.И. Ленин иқтибос овардааст, ки андеша ва баҳогузории шахсии ӯст. Агар ҳатто ин андеша ба журналист ҳам тааллуқ медошт, он ба мавҷудият ҳуқуқ дорад, зеро аз нигоҳи меъёрҳои байнулмилалӣ, талаби исботи боадолатии мулоҳизаронӣ аз ҷавобгар ё судшаванда манъ буда, исботи он ҳам ғайриимкон аст. Гузашта аз ин, калимаи «зиёӣ» мафҳуми умумӣ ва доманадор мебошад», - иброз дошт директори ташкилот.
Дар робита ба ҳаҷми ҷуброни зарари маънавӣ ӯ изҳор намуд, ки ҳаҷми он аз рӯи хусусияти зарари маънавии расида ба ҷабрдида ва сатҳи айбдорӣ муайян карда шуда, зимни муқаррар кардани он бояд талаботи оқилонаву мунсифона будани он ба инобат гирифта шаванд, то ки ба қатъи фаъолияти ин ё он нашрия боис нагарданд.
«Аз ин рӯ, ТҶ «Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» аз коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии шаҳри Душанбе даъват мекунад, ки ин парвандаро воқеъбинона, мунсифона ва беғаразона дубора мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста