Оилаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи марги узви оилаашон дар ҷаримагоҳи зиндон аз болои раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба суд даъво пеш оварда, ба сифати ҷубронпулӣ 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз хешони маҳбус хабар дод, аз номи бародари маҳбус – Сафаралӣ Саидов ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод шудааст. «Нисбати Раҳматилло Зойиров мо ба суд шикоят бурдем, зеро ӯ ба ВАО дар бораи марги Маҳмадраҳим Саидов дар ҷаримагоҳи зиндон маълумоти бардурӯғ дода, мо сахт ба таҳлукаву ташвиш афтодем ва дар он рӯзҳои сардии шадид барои огоҳӣ ёфтан аз ҳодиса маҷбур шудем, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба Душанбе оем», - гуфт хеши маҳбус.
Ба қавли номбурда, аз манфиатҳои оилаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов адвокат Мавлудҷон Солеҳов ҳимоят хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров алҳол аз ҳодисаи пешниҳод шудани аризаи даъвогӣ нисбаташ хабар надорад. «Ман огаҳӣ доштам, ки хешовандони маҳбус аз болои ман ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурданӣ будаанд, вале аз ба суд муроҷиат карданашон хабар надорам ва алҳол аз суд ҳам дар ин хусус даъватномаи дахлдор нагирифтаам. Пас аз гирифтани даъватнома ман дар ин хусус андешаи худро баён мекунам», - гуфт Зойиров.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми феврал Раҳматилло Зойиров бо такя ба як сарчашмаи муътамади худ – бевосита корманди муассисаи ислоҳӣ, ки дар он Маҳмадраҳим Саидов адои ҷазо мекард, иттилоъ дода буд , ки бар асари сардӣ дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 як маҳбус ба ҳалокат расидааст.
Дар суҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳор дошта буд, ки бино ба маълумоти ба ӯ расида, номи маҳбуси ҳалокшуда Маҳмадраҳим Саидов буда, соли 1968 таваллуд шудааст ва зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст.
Аммо дарҳол пас аз интишори ин маълумот корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи мувақкатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард , ки дар он ҷо ҳеҷ касе аз сардӣ ҳалок нашудааст.
Сипас баъдан бародар ва духтари маҳбус Сафаралӣ Саидов ва Нилуфар Саидова изҳор намуда буданд , ки бо Маҳмадраҳим Саидов дидору мулоқот намуда, саломатии Маҳмадраҳим Саидов хуб ва дар ӯ осоре аз шиканҷа дида намешавад.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста