Имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода аз тамоили афзоиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши замин тайи солҳои ахир аз ҷониби мансабдорони давлатӣ изҳори нигаронӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо давоми соли ҷорӣ мақомоти прокуратура ба 547 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар бораи ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба аҳолӣ барои сохмтони манзили зист эътироз овардааанд.
«Танҳо дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд муовини аввали ноҳия Аҳмедов ба 160 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо крада, дар ин кор ба ӯ роҳбари шуъбаи заминсозии ҳамин ноҳия Худойбердиев кумак кардааст», - иброз дошт Салимзода.
Дар идома ӯ таъкид дошт, ки пас аз эътироз овардани мақомоти прокуратура ба қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда, сокинони ноҳияи Ғончӣ аз мансабдорон талаб кардаанд, ки маблағҳои додааашон, яъне пораро баргардонанд.
«Худойбердиев сабру таҳаммулро аз даст дода, даст ба худкушӣ зад, вале дар навиштаҷоти пеш аз маргаш ба амалҳои ҳаммаслаки худ Аҳмедов рӯшанӣ андохт», - изҳор кард прокурори генералӣ.
Ш.Салимзода ҳамчунин зикрк ард, ки он замон мақомоти прокуратура Аҳмедовро ба ҳабс гирифтанӣ будаанд, вале вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ин кор иҷозат надодаанд, зеро ӯ вакили Шӯрои маҷлиси ноҳиявӣ буд. «Пас аз дахолати раиси вилояти Суғд Аҳмедов ба ҳабс гирифта шуд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста