Дар ҷараёни амалиёти кормандони мақомоти милисаи ҷумҳурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз як қатор кӯшишҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ шуда, дар натиҷа 1 шаҳрванди Афғонистону 3 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва беш аз 40 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод шаҳрванди Афғонистон Комилхон валади Ҳоҷивакил дастгир карда шудааст, ки аз борхалтаи ӯ 35 кило маводи нашъадори «афюн» ва 4 килою 540 грамм «бангдона» мусодира гардид.
«Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21010» мутааалиқ ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳром Шералии 22-сола 1 килою 140 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар вақти санҷиши иловагӣ муайян карда шуд, ки маводи мазкур ба шаҳрванд Шӯҳрати,Каримови 24-сола, сокини ноҳияи Ҳисор тааллуқ дорад», - зикр мегардад дар хабари сомона.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҳудуди вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Нурулло Сафарови 41-сола бо 303 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дастгир карда шудааст. «Вазни умумии маводҳои мусодирашуда дар тайи ин ду рӯз 40 килою 983 граммро ташкил медиҳад», - омадааст дар иттилоъ.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста