Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи марги маҳбуси зиндони №1-и шаҳри Душанбе Зафар Хислатов парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Намояндаи дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон Раҷабмо Бадриддинова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 3-юми март Зафар Хислатов худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.
«Мо бо сардори зиндони мазкур суҳбат кардем ва ӯ далели марги Хислатовро тасдиқ кард, вале алҳол сабаби даст ба худкушӣ задани маҳбус маълум нест. Аз рӯйи ин далел Прокуратураи генералӣ парванда оғоз намуда, тафтишот сабабҳои ба ин амал даст заданӣ ӯро таҳқиқ хоҳад кард», - иброз дошт ӯ.
Дар дастгоҳи Омудсмен ҳамчунин зикр карданд, ки алҳол фарзияи дар натиҷаи шиканҷа ё ягон фишор даст ба худкушӣ задани Хислатов баррасӣ намешавад, зеро аз ҷониби хешовандону наздикон ва ё шиносҳову шоҳидон дар ин бора ариза пешниҳод нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста