Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуда буд, ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Ф.Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз як бонки ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд. «Ба сифати кафолат барои дастрас кардани қарз онҳо ба номи фирмаҳои вуҷуднадошта ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардаанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз қарзи дастрасшуда то имрӯз ба бонк нисфи маблағи гирифташуда баргардонида шудааст. «Адвокат ва ҳаммаслаки ӯ ба содир намудани ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста шуда, ахири ҳафтаи гузашта ба ҳабси Зокиров ва ҳаммаслаки ӯ аз суд иҷозат гирифта шуд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста