Бузургмеҳр Ёров, адвокати Фахриддин Зокирови ҳабсшуда ба гумони қаллобӣ имрӯз бо дархости ба ихтиёри мақомоти тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ супурдани парвандаи зерҳимояи худ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» худи адвокат Бузургмеҳр Ёров хабар дод.
Дархости худро ӯ чунин шарҳ медиҳад, ки зерҳимояи ӯ Ф.Зокиров корманди муассисаи давлатӣ нест ва бо ин сабаб Агентии зиддифасод ба тафтиши парвандаи ҷиноии нисбати ӯ оғозшуда ҳуқуқ надорад.
«Ғайр аз ин, зерҳимояи ман ҳеҷ гоҳ аз пардохти қарзи аз бонк гирифтааш рӯ натофтааст ва то имрӯз беш аз нисфи онро баргардонидааст. Мутаносибан ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ба қаллобӣ муттаҳам кард», - зикр кард Ёров.
Дар ҳамин ҳол, ба идораи «Азия-Плюс» аз шаҳрванди Русия, сармоягузор Самартсев Андрей Анатолевич нома расид, ки дар он ӯ Фахриддин Зокиров, адвокати чанде қабл боздоштшудаи соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ва ду нафар шиносҳои ӯ – Абдулфайз Иброҳимов ва Бахтиёр Давлатовро ба қаллобӣ ва қарздорӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд муттаҳам мекунад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 7-уми марти соли равон Фахриддин Зокиров, яке адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Фахриддин Зокиров ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста