Чанде қабл кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ тақрибан се килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Қайроққум халтаи полиэтиленӣ мусодира карда шудааст, ки дар дохили он се адад бастаҳои печонида шуда бо маводи рангаш сабз мавҷуд буд.
«Дар рафти санҷиши пешакӣ кормандони оперативӣ муайян намуданд, ки маводи нашъаовари ҳашиш ба шаҳрванд П.Н. - сокини шаҳри Қайроққум тааллуқ дошта, вазни он се килограммро ташкил менамояд», - гуфта мешавад дар хабари Агентӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста