Дар рӯзи аввали таҷлили ҷашни Наврӯз кормандони милиса беш аз 10 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон – Адҳам Одинаеви 30-сола ва Абдулло Қарахонови 25 сола боздошт ва аз онҳо зиёда аз 9 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз бо далели даст задан ба ин ҷиноят сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ Сайҷаъфар Сониеви 30-сола бо 318 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва сокини шаҳри Турсунзода Нурулло Комилови 51-сола бо 870 грамм маводи нашъадори навъи афюн дастгир карда шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста