Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванда нисбати Расули Амонулло, писари собиқ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифовро, ки дар садамаи марговар гумонбар дониста мешаванд, барои тафтиши дубора ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргардонид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.
«Парвандаи ҷиноӣ ба ВКД бо тавзеҳи «тафтиши нопурра» баргардонида шудааст», - гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигар худдорӣ варзид.
Қобили зикр аст, ки нимаи дуюми моҳи феврал як манбаъ аз ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки Вазорати корҳои дохилӣ тафтиши ин парвандаро ба итмом расонидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.
Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд.
Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста