Дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбати боз ду узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ» оғоз гардид.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 250, қ 2, бандҳои «б» ва «в» (Тамаъҷӯӣ бо истифодаи зӯроварӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) гумонбар дониста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, судшавандагон аввали соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд боздошт шуда буданд. Ҷузъиёти дигари қазия ифшо нагардид.
Зимнан зикр гардид, ки гурухи муташаккили ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ» дар байни сокинони маҳаллаи «Абрешимчӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он худро ҳамчун узви лашкарони ислом муаррифӣ менамуданд. Онҳо бо мақсади тарсонидани аҳолӣ дар қафаси синаашон аксҳои моҳу ситора ва шерро нақшбандӣ карда, ба ҷиноятҳои тамаъҷӯию авбошӣ ва суиқасд ба куштор машғул буданд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, аъзои боқимондаи гурӯҳ Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Зоҳирҷон Бобоев моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаи 250-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Истифодаи зӯроварӣ бо мақсади фоида ба даст овардан бо маслиҳати пешакӣ) гунаҳкор дониста шуда, Бобоев ба 11 сол ва Халилову Собиров ҳар кадоме ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуда буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста