Собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳкам Лашкаров ва Асалбек Боронбоев, ки тирамоҳи соли 2012 дар қаламрави наздимарзии Қирғизистон боздошт шуда буданд, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост доранд, ки ба тафтиши воқеъбинонаи парвандаи ҷиноии онҳо мусоидат намоянд.
Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, собиқ кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, кормандони фаврии шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ подполковники милиса Маҳкам Лашкаров ва капитани милиса Асалбек Боронбеков 23-юми октябри соли 2012 бо миқдори зиёди маводи мухаддир дар Қирғизистон боздошт шуда буданд.
М.Лашкарбеков тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки онҳо муддати якуним сол аст, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ дар Қирғизистон қарор дошта, он замон ба кишвари ҳамсоя бо сафари корӣ раҳсипор гардида буданд.
«Раҳбарият ба мо гуфтанд, ки моро дар марз намояндагони мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон пешвоз мегиранд, - гуфт Лашкарбеков. – Пас аз интизории тӯлонӣ пешвозгирандагон омада, дастур доданд, ки автомашинаи мо дақиқан кофтуков карда шавад. Ҳеҷ чизи ғайриқонуниро дар автомашина пайдо накарда, моро мустақиман ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд ва зимни азназаргузаронии такрорӣ аз автомашинаи мо маводи мухаддир дарёфт карданд. Ин маводи мухаддирро мо бори авввал медидем. Мо чунин мешуморем, ки ин возеҳан айбдоркунии сохта аст».
Дар робита ба изҳороти расмии ВКД ҶТ аз 24-уми октябри соли 2012 оид ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ набудани Лашкарбеков ва Боронбоев зимни боздошташон, Лашкарбеков зикр кард, ки «замони боздошт шаҳодатномаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва варақаҳои сафари корӣ дар дасташон будааст».
«Бигӯед, чӣ гуна шахс рӯзи 16-уми октябр барои хизмати шоиста ба рутбаи подполковник сазовор дониста мешудаасту пас аз чор рӯз аз кор озод мегардидааст? Гузашта аз ин, пас аз сабукдӯш шудан аз кор корманди собиқ бояд ҳатман шаҳодатномаашро супорад, вале онҳо дар дасти мо буданд. Ғайр аз ин, кормандони собиқро ба сафарҳои корӣ намефиристанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Лашкарбеков, муддати 1,5 сол онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, айни замон парвандаи онҳоро Суди олии Қирғизистон баррасӣ мекунад.
Ӯ зикр кард, ки то ҳанӯз намояндагони расмии Тоҷикистон дар Қирғизистон ба тақдири онҳо ва маҳбусони сершумори дигар аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
Боздоштшудагон аз раҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори кишвар дархост доранд, ки ба баррасии ҳарчи зудтар ва воқеъбинонаи парвандаи ҷиноии нисбати онҳо бозшуда мусоидат намоянд.
Ёдрас мекунем, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман тасдиқ намуда буд , ки дар Қирғизистон собиқ кормандони Шуъбаи вазорат дар ноҳияи Мурғоб Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров боздошт шудаанд.
Дар акс Маҳкам Лашкаров




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста