Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои ба дарсҳо ҳозир нашудани хонандагон омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62-ро ба маблағи 60 сомонӣ ҷарима кард.
Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғайрат Сангинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки омӯзгори ин мактаб Маҳбуба Низомова меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон»-ро риоя накарда, мутобиқи моддаи 12-и қонуни мазкур, зимни аз ҷониби волидайни хонандагон риоя нашудани қоидаву тартибот ва меъёрҳои оинномаи муассисаи таълимӣ ва назорати риояи он аз ҷониби фарзандони онҳо, ӯ мебоист ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекард.
«Маҳбуба Низомова, роҳбари сифни 7-ум, ки дар он толибилмон М.Холзода, Ш.Бобоева ва У.Миров таҳсил мекунанду дар давраи аз 1 уми сентябр то 30-юми декабри соли 2013 ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз 65 то 108 соат бидуни сабаби узрнок дар дарсҳо (дар маҷмӯъ дар 353 соати дарсӣ) ҳузур надоштаанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора муроҷиат накард», - гуфт Сангинов.
Ӯ зикр кард, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастрасии моддаи 90-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ Маҳбуба Низомоваро дар ҳаҷми 1,5 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 60 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста